IQNA

Ҳушдори муфтии Ҷаъфарии Лубнон нисбат ба суханони тафриқаангези Жозеф Аун

1:26 - June 06, 2026
рақами хабар: 4703
Шайх Аҳмад Қабалон, муфтии Ҷаъфарии Лубнон, дар номае ба раиси ҷумҳури ин кишвар Жозеф Аун нисбат ба иқдомҳо ва изҳороти тафриқаангези ӯ ҳушдор дод.

Ба гузориши икно бо истинод ба пойгоҳи «Ал-Аҳд», Шайх Қабалон дар номаи худ ба Жозеф Аун навишт: «Шумо дар мақоме қарор доред, ки бояд миллатро муттаҳид созад, на ин ки миёни он тафриқа эҷод кунад. Дар ғайри ин сурат, эътибори миллии худро аз даст хоҳед дод.»

Вай афзуд: «Мо намехоҳем, ки шумо дар ташхиси манфиатҳо ва маслиҳатҳои Лубнон иштибоҳ кунед. Аз ин рӯ, ба шумо насиҳат мекунем, ки аз чунин мавқеъгириҳое, ки ба шаъну мақоми раёсати ҷумҳурӣ муносиб нестанд, даст кашед.»

Қабалон ҳамчунин гуфт: «Раёсати ҷумҳурӣ барои он таъсис ёфтааст, ки рамзи муштаракоти хонаводаи бузурги Лубнон бошад, на омили ҷудоӣ ва тафриқа. Ҳимоят аз додани имтиёзҳои амниятӣ ба режими саҳюнистӣ сазовори чунин мавқеи баланд нест.»

Вай дар идома Набиҳ Беррӣ, раиси порлумони Лубнонро, дар ин замина «рамзи таърихӣ» номида, таъкид кард, ки бисёре метавонанд аз таҷриба ва рафтори ӯ сабақ бигиранд ва аз ӯ пайравӣ намоянд.

Дар бахши дигари ин нома омадааст: «Ҷаноби раиси ҷумҳур, барои мо аз намояндагии мардум сухан нагӯед, зеро сухан дар бораи намояндагии миллӣ ва мардумӣ аз Набиҳ Беррӣ ва Шайх Наим Қосим оғоз мешавад. Офтоб ба далел ниёз надорад ва воқеияти касе, ки намояндагии воқеӣ надорад, равшан аст.»

Шайх Қабалон афзуд: «Ҳар ниҳоди миллӣ, ки намояндаи ҷануби Лубнон, ҳумаи ҷанубии Бейрут ва минтақаи Биқоъ набошад, намояндаи воқеии Лубнон нест. Ниҳодҳое, ки намояндаи мардум, ҷабҳаҳо, ҳокимият ва муборизаҳои миллии худ нестанд, аз намояндагии мардумӣ ва миллӣ баҳрае надоранд.»

Муфтии Ҷаъфарии Лубнон дар идомаи номаи худ таъкид кард, ки агар муқовимати афсонавӣ, ки дар ҷараёни ҷанг мошини ҳарбии режими саҳюнистиро дар тамоми марзҳои ҷанубӣ дарҳам кӯбид, вуҷуд намедошт, Исроил метавонист то Қасри Баабдо (қасри раёсати ҷумҳурӣ) пеш равад.

Вай навишт: «Аз ин рӯ, ҷаноби раиси ҷумҳур, касе ки намояндаи мардумаш аст, ҳеҷ гоҳ кӯчонидани сокинони ҷанубро аз сарзамини худ қабул намекунад.»

Қабалон ҳамчунин изҳор дошт: «Касе, ки монеъи дифои миллии артиши Лубнон мешавад ва сипас хостори ақибнишинии нерӯҳои муқовимат аз ҷануби рӯди Литонӣ бе ақибнишинии ҳамзамони артиши саҳюнистӣ мегардад, намояндаи воқеии Лубнон ва ҷабҳаҳои он нест.»

Вай дар бахши дигаре аз суханонаш гуфт: «Эрон, бар хилофи Амрико, аз дӯстони худ бар зидди манфиатҳои онҳо истифода намекунад.» Ӯ афзуд: «Ёдовар мешавам, ки маҳз Эрон буд, ки Исроилро аз ҳамла ба пойтахти Лубнон барҳазар дошт ва таҳдид кард, ки дар сурати ҳамла ба Бейрут вориди ҷанг хоҳад шуд. Дар ҳоле ки касе, ки барои ҳамла ба Бейрут ба Исроил чароғи сабз дод, вазири корҳои хориҷии Амрико буд, на Эрон.»

Муфтии Ҷаъфарии Лубнон дар поён таъкид кард: «Теҳрон ҳамон ҷонибест, ки бузургтарин пуштибонии таърихиро барои озодсозии сарзамини Лубнон дар соли 2000 анҷом дод ва ҳамчунон ба аҳд ва мавқеи худ пойбанд аст, то Лубнон қурбонии нақшаҳои Амрико ва ҷангҳои Исроил нашавад.»

4356481

captcha